Нахустнамоиши спектакл аз рӯи асари роҳбари ВКД Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода таҳти унвони “Дили модар” нимаи дуюми моҳи август дар Театри давлатии академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар Душанбе доир мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Дар спектакл аз ҳаёти донишҷӯ Хуршед ҳикоя мешавад, ки дар Сурия дар сафҳои созмони террористии “Давлати исломӣ” меҷангад. Модараш низ аз паси фарзанд ба он ҷо меравад, вале вақти вохӯрӣ писар модарро мекушад.

Намоишнома бо порае аз масали машҳур дар бораи ҷавоне, ки барои исботи ишқи худ бо талаби маъшуқа дили модарро меканад, оғоз мегардад.

Генерал-полковник Рамазон Раҳимзода қаблан ҳамчун шоир маъруф буд, ки бо тахаллуси Ниҳонӣ шеър менависад.

Тақрибан як сол пеш шеъри ӯро бо номи “Ту меарзӣ” дар бораи хизматҳои шоистаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон назди Ватан ва мардуми кишвар Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сурайё Қосимова ва духтари ӯ – овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё сароида буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.