Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ярмарка-фурӯши лавозимот ва либоси ягонаи мактабӣ бо иштироки васеъи хонандагону кормандони соҳаи маорифи шаҳр дар назди китобхонаи вилоятиии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҳусни оғоз бахшид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳр, Маъруф Муҳаммадзода зимни боздид аз растаи фурӯшандагони молҳои полиграфӣ ба фурӯшандагон доир ба дастрасии нарх ва сифати он дастуру супоришҳо дода, таъкид дошт, ки ба хонандагон набояд дафтару қалам ва хомаи пастсифат пешниҳод гардад, ки ба саломатии эшон зарар орад.


Гуфта мешавад, раиси шаҳр ҳамчунин қайд кардааст, ки дар маҳаки асосии фаъолияти фурӯшандагон бояд сифати молу маҳсулот қарор гирад.

“Бояд мақомоти назоратии соҳа ба ин масъала низ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Аз фурӯши молу маҳсулот бо аксҳои тарғиботи зӯроварию ба фарҳанги мо бегона ҷилавгирӣ карда шавад”,- гуфтааст ӯ.


Маъруф Муҳаммадзода ҳангоми шиносоӣ аз растаи либосҳои ватанӣ ба анвои он ва матоъҳои истеҳсоли ватанӣ таваҷҷуҳ намуда, таъкид дошт, ки тамоми корхонаҳои шаҳр, ки ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ машғуланд бояд аз матоъҳои ватанӣ корбурд намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар соли хониши бо 12 коргоҳҳои дӯзандагии шаҳр шартнома ба имзо расонида шудааст ва ин корхонаҳо муваззаф гардидаанд, ки хонандагони шаҳро бо либоси мактабӣ таъмин намоянд.

Сипас аз тарафи раиси шаҳри Хуҷанд дар пайравӣ ба иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, ки ба кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд, ба 200 нафар хонандагони шаҳр аз ин қишри ҷомеа сару либоси мактабӣ тақдим намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.