Се сол пеш дар Тоҷикистон Консепсияи расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ қабул шуд, ки дар яке аз бандҳояш таъсиси дафтарҳои кории давлатии доимо амалкунандаи ҳуқуқӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар пешбинӣ шудааст. Онҳо таъсис ёфта, фаъолият доранд.

Мо ба Панҷакент раҳсипор шудем, то ки бо шахси маъруф дар маҳал Дилфуза Исоева, ҳуқуқшиноси бепул шинос шавем, ки ӯро ҳамаи ноҳия мешиносад.

Дилфуза Исоева, ҳуқуқшиноси ройгон дар Панҷакент; ин ҷо ӯ шахси маъруфи  маҳаллист. Агар аз ҳама гуна роҳгузаре бипурсӣ, ки Дилфуза Исоеваро мешиносаду ӯро дар куҷо метавон пайдо кард, посух медиҳад, ки ӯ ҳуқуқшиноси ройгон аст ва боз чанд ҳодисаи чӣ гуна ба одамон кумак кардани ӯро ҳам ба хотир оварда метавонад.

Дилфуза сокинонро дар дафтари кории давлатӣ дар ноҳияи Панҷакент қабул мекунад, ки яке аз аввалин дафтарҳои кории кумаки ройгони ҳуқуқӣ дар ноҳияи дурдасти Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

 - Назди ман шахсони касбу кори гуногун меоянд – муаллимон, соҳибкорон, фермерон, лекин бештар деҳконони оддӣ – шахсон аз қишри камбизоати аҳолӣ мебошанд, ки натанҳо барои кирои ҳуқуқшиноси пулакӣ, балки барои таъмини рӯзгори худ ҳам маблағи кофие надоранд.

Дилфуза мегӯяд, бисёр вақт одамон назди ӯ бо мушкилоти пайдошуда хеле замонҳои пешин меоянд, лекин чун он замон одамон дар бораи чӣ гуна ҳал кардани он огаҳиву маблағ надоштанд ва касе набуд, ки дар ин кор ба онҳо кумак кунад, масъала даҳсолаҳо ҳалношуда боқӣ мемонд.

Боз як муроҷиаткунандагони ҷиддӣ занон, бахусус онҳое мебошанд, ки бе шавҳар мондаанд. Ин гуна занони деҳоти Тоҷикистон ба мушкилоти ҳуқуқӣ дучор шуда, бисёр вақт комилан бе кумак мемонанд. 

- Масалан, зане муроҷиат кард, ки никоҳи мусулмонӣ дошт, дар шиносномааш муҳри ақди никоҳ нест. Шавҳараш дар садама ҳалок шуда, ӯ бо фарзандонаш танҳо мондааст, бидуни кору воситаи таъмини рӯзгори оила, - ҳикоят мекунад Дилфуза. – Ба ман барои кумак муроҷиат намуд, вале маълум шуд, ки кӯдаконаш ҳатто шаҳодатномаи таваллуд надоранд, яъне ӯ аз давлат кумаки моддӣ гирифта наметавонад.

Ҳамроҳи мизоҷаш Дилфуза ба идораи САҲШ рафт, иқтибос гирифта, ба суд муроҷиат намуданд, то ки далели падарӣ муайян шуда, ҳуҷҷатҳои дахлдор ба расмият дароварда шавад.

- Ҳозир ҳамаи фарзандони ӯ шаҳодатнома дар бораи таваллуд доранд, кӯдакон ному насаби падарашонро гирифта, аз давлат кумаки моддии пешбинишударо мегиранд, - мегӯяд Дилфуза. 

Ба гуфтаи Дилфуза Исоева, 80%-и аҳолии ноҳияи Панҷакент ҳуқуқҳои асосии худро хуб намедонанд; танҳо дар ҳолатҳоли ночор ба ҳуқуқшиносон муроҷиат мекунанд.

Аз ин рӯ, ӯ ба гузаронидани машваратҳои сайёр дар деҳот оғоз намуд, ки дар онҳо ба сокинони оддӣ дар бораи ҳуқуқу имконоташон маълумот дода, ба ҳамаи саволҳои мавриди таваҷҷуҳи онҳо посух мегӯяд. Чанде пеш дар радиои маҳаллӣ доир ба ин масъалаҳо барномаи махсус роҳандозӣ шуд.

- Баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҳуқуқии шаҳрвандон – яке аз вазифаҳои асосии мост, - зикр мекунад Дилфуза.

Дафтари кории давлатии ҳуқуқӣ муддати 2,5 сол аст, ки дар ноҳияи Панҷакент фаъолият дошта, дар ин муддат наздики 800 нафар нафар ба он муроҷиат кардаанд. Ҳуқуқшинос Дилфуза Исоева қариб ба тамоми он корҳое, ки мутахассисони мустақил сарукор доранд, машғул аст. Танҳо комилан ройгон.