Дар Тоҷикистон санаи 21 август яке аз идҳои асосии мусулмонӣ – Иди Қурбон ҷашн гирифта мешавад. Қаблан ҳукуматдорон огоҳ карда буданд, ки дастурхони идона бояд хоксорона бошад, вагарна ҷарима мешаванд. Пагоҳ аз субҳ кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба рейд мебароянд – онҳо андозаи дастурхон ва то чӣ қадр «хоксорона» ороста шудани онро месанҷанд.

Вале ҳуқуқшиносон мегӯянд, ба гунаи мисол дар бораи баргузории тӯйи арӯсӣ дар қонун саҳеҳан рақамҳо оварда шуда, (на бештар аз 2 рӯз, на бештар аз 200 нафар меҳмонон, 4 автомашина дар вақти қайди ақди никоҳ ва ғайра), вале дар бораи андозаи дастурхон чизе гуфта нашудааст.

«Парлумон метавонист дар қонун муайян кунад, ки андозаи дастурхон дар идҳои Рамазону Қурбон набояд бештар аз 1х1,5 метри мураббаъ бошад ё маблағи умумии хароҷот бояд чунин миқдор бошад ва барои риоя нашудани он ҷазо муқаррар намояд, лекин айни замон дар қонун ин муқаррарот вуҷуд надорад», - мегӯянд онҳо.

Ҳуқуқшиносон ҳамчунин изҳор медоранд, ки ворид шудан ба манзили хусусӣ бидуни иҷозаи соҳибмулкон ғайриқонунӣ аст, вале истисноҳо, аз ҷумла анназаргузаронии манзил зимни ҳузур надоштани шахсони дар он иқоматдошта, иҷозаи кофтукови он, ба кормандони милитсия дар ҳолатҳои пешгирии ҷиноятҳо, оташнишонон ҳангоми сӯхтор ҳам вуҷуд дорад.

Ҳуқуқшиносон андешаи худро чунин ҷамъбаст карданд, ки барои бидуни иҷозаи соҳибмулк ба манзилаш ворид шудан асосҳои қонунӣ заруранд ва кормандони Кумитаи динн барои даромадан ба хонаҳои шаҳрвандон ваколат надоранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.