Идораҳои мусулмонони Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон созишномаи ҳамкориҳои минбаъдаи худро имзо карданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба огаҳии муфтиёти Қирғизистон, созишнома ба тақвияти ҳамкориҳои байниидоравӣ, табодули таҷриба, муттаҳид кардани талошҳо барои паҳн кардани арзишҳои исломӣ, аз ҷумла мазҳаби Ҳанафӣ равона шудааст.

Гуфта мешавад, Идораи мусулмонони ин чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ (ОМ) ҳамчунин тасмим доранд, ки дар бахши маориф, ташкили маросими ҳаҷ ва таъйини рӯзи идҳои исломӣ низ ҳамкорӣ кунанд. Ба ҷуз ин, созишнома ба рушди ҷаҳонгардии исломӣ ва тақвияти дӯстӣ миёни кишварҳо равона шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон чаҳор кишвари пасошӯравие ҳастанд, ки бештари аҳолияшон пайрави дини Исломанд.