АНОНС

- Дар машқгоҳи Чорухдайрон ва маркази таълимии “Нурафшон” дар вилояти Суғд тамринҳои низомии муштараки сарбозон ва афсарони қисмҳои низомии гарнизони вилояти Суғди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон оғоз мегарданд;

- Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои узви ИДМ доир мегардад;

- Дар ду хатсайри нақлиёти ҷамъиятии Душанбе – автобуси №8 ва троллейбуси №10 пардохти роҳкиро бо пули нақд манъ мешавад;

- Театри драмавии русии ба номи Маяковский бо намоиши “Тартюфа”-и Молйер, ки онро саргардони театр Баҳодур Миралибеков ба саҳна гузоштааст, мавсими 81-уми театрии худро боз мекунад;

- Дар Маскав машваратҳои байни Вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба масоили ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар самти мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.4234 сомонӣ;

1 евро – 11.0112 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1382 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2008 — Дар қароргоҳи ҳукуматии Тоҷикистон  «Пуғус» Форуми III-уми зиёиёни олим ва эҷодкор доир гардид.

2010 — Дар Душанбе ҷашнвораи «Фазои иттиҳод» баргузор шуд.

2013 — Эмомалӣ Раҳмон Созишнома дар бораи пойгоҳи низомии 201-умро ҷиҳати тасдиқ ба парлумон пешниҳод намуд.

1912-1996 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, мусиқинавоз Мирзоқурбон Солиев.

1934 – Мавлуди журналист Чоршанбе Мамадсаидов.

1937 – Зодрӯзи доктори илмҳои физикаю математика, профессор Саид Аҳмадов.

 1950 – Мавлуди математик, профессор Абдурасул Сатторов.

1938 – Зодрӯзи доктори улуми иқтисодӣ Зиёратшо Акобиров.

1960 – Мавлуди шоир Равшан Ҳамроҳ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +18+23.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +31+36; дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +6+11, рӯзона +22+27; дар шарқ шабона -1-6, рӯзона +10+15.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +32+34.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +24+26.