Бунёди Маҷмааи кӯдакон бо номи “Меҳри модар” бо Муҷассамаи модар дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт кашол меёбад, ҳарчанд сохтмони он ҳанӯз 21 июни соли 2016 оғоз гардида буд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Бино ба гуфтаи манбаъ, моҳи июни соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маҷмааи кӯдакон бо номи “Меҳри модар” барои 1200 ҷой бо Муҷассамаи модар майдони васеъеро интихоб намуд ва барои сохтмони он оғоз бахшид. Сипас мақомоти шаҳрдорӣ дар ин робита байни меъморону муҷассамасозони ватаниву хориҷӣ якчанд озмун гузаронид.

“Айни замон комиссияи озмун се лоиҳаро дақиқан мавриди омӯзиш қарор дода, ояндаи наздик лоиҳаи беҳтарин интихоб ва сохтмони иншоот шурӯъ мешавад”, - гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, дар саҳифаи “Меъмории Душанбе” дар Facebook  лоиҳаи маҷмааи “Меҳри модар” пешниҳод шудааст, ки аз ҷониби КВД “Пажуҳишгоҳи сохтмон ва меъморӣ” таҳия шудааст.

1/3

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.