Тоҷикистону Чин дар бораи сохтмони бинои парлумон ва маҷмаии ҳукумат дар Душанбе мактубҳои мубодилавӣ ба имзо расониданд.

Санадҳо рӯзи 18 сентябр аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар Душанбе ба имзо расиданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи рушди иқтисод ва савдои ҶТ.

Гуфта мешавад, дар анҷоми ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ доир ба сохтмони бинои Парлумон ва маҷмааи Ҳукумати Тоҷикистон Протоколи дахлдор ва мактубҳои мубодилавӣ  ба имзо расид.

Мувофиқи санади баимзорасида, барои сохтмони иншооти мазкур Чин дар ҳаҷми 1,5 млрд. юан (наздики 220 млн. доллар) кумаки бебозгашт (ройгон) ҷудо мекунад.

Дар лоиҳаи мактубҳои мубодилавӣ қайд мешавад, ки бунёди иншоотро Чин бо таҷҳизоту техникаи зарурӣ ва масолеҳи сохтмон таъмин намуда, ҳайати муҳандисиву техникиро ба Тоҷикистон сафарбар месозад ва ҳамчунин ба васлу насби таҷҳизот, роҳандозии корҳои омодагӣ ба сохтмон, назорати сифату суръат ва таъмини бехатарии корҳо масъул аст.

“Хароҷоти корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмон аз кумаки бебозгашти пешбинишуда дар созишнома дар бораи ҳамкории техникӣ-иқтисодӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Чин аз 31 августи соли 2017, ҳамчунин аз кумаки бебозгашти Чин ба Тоҷикистн дар соли 2018 пардохт мешаванд”, - қайд мешавад дар лоиҳа.

Консепсияи маҷмааи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе
Мастерская КСП

Созишнома дар бораи ҷудо кардани воситаҳо барои сохтмони бинои парлумон ва маҷмааи ҳукумати Тоҷикистон байни ҳукуматҳои ҳарду кишвар 1 сентябри соли гузашта зимни сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин ба тасвиб расида буд.

Бунёди маҷмааи парлумонӣ дар қисмати марказии Душанбе ба нақша гирифта шуда, аз биноҳои чорошёна иборат хоҳад буд. Он дар ҷойи бинои собиқ мақомоти шаҳрдорӣ ва хонаҳои пештоқдор сохта мешавад.

Лекин дар бораи макони сохтмони маҷмааи ҳукумат алҳол чизе саҳеҳан маълум нест. Қаблан ҳукуматдорон ният доштанд, ки чойхонаи “Роҳат” ва биноҳои ҳамшафати онро кӯчонида, маҷмааро дар ҳамон ҷо месозанд, лекин баъдан аз ин ақида даст кашиданд.

Як манбаъ аз сохторҳои марбутаи кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки корҳои бевоситаи бунёди иншооти зикршуда дарҳол баъди ҷудо шудани воситаҳо оғоз мегарданд. Анҷоми сохтмони иншоот соли 2020 пешбинӣ шуда буд.

Қобили зикр аст, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон санаи 23 август Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва Вазорати тиҷорати Чинро дар бораи арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаҳои сохтмони биноҳои нави парлумон ва ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.