Имсол ба Тоҷикистон 54 кишвари саросари ҷаҳон кумак карданд. Маблағи умумии кумаки башардӯстонаи тӯли 8 моҳ фиристодаи онҳо наздики 30 млн. долларро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентиии омор, аз ҳисоби ин кумак ба Тоҷикистон бо вазни умумии наздики 20 ҳазор тонна орду равғани растанӣ, воситаҳо ва дорувории тиббӣ, ҳамчунин дигар маҳсулот ворид гардид.

Аз рӯи вазни қиёсӣ кишвари нисбатан бузургтарини мададрасон ба Тоҷикистон Русия дониста мешавад, ки 18,7 фоиз аз ҳаҷми умумии кумак ба ин кишвар рост меояд.

Дар идома Чин (13,4%), Фаронса (9,3%), Ҳиндустон (8,6%), Туркия (8,3%), Швейтсария (8%), Қазоқистон (7,5%), ИМА (4,1%), Белгия (3,9%), Олмон (3,5%), Дания (2,1%), Чехия (1,9%), Беларус (1,7%), Полша (1,5%), Нидерланд ва Ҷумҳурии Корея (1,4%-ӣ), Финландия ва Исроил (0,8%-ӣ), Ҷопон (0,6%), Таиланд (0,5%), Латвия (0,4%) ва дигар давлатҳо ҷойгир шудаанд.

Соли гузашта муддати тамоми сол ба Тоҷикистон аз 58 кишвари дунё ба маблағи умумии ҳудуди 74 млн. доллар кумаки башардӯстона ворид гардида буд.

Мададрасони нисбатан бузург ба Тоҷикистон дар соли гузашта Чин шуморида мешавад, ки 32,2% аз ҳаҷми умумии кумак ба ин кишвар рост меояд..

Соли 2016 Тоҷикистон аз 55 кишвари ҷаҳон ба маблағи умумии 55 млн. 800 ҳазор доллар кумаки башардӯстона гирифт. Қариб нисфи кумак аз ҳаҷми умумӣ ба Русия (25,9%) ва Чин (24%) рост омада буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.