Сокинони минтақаи Кӯлоб шикоят доранд, ки аз 19 сентябр интиқоли барқ ба онҳо қатъ мешавад. Дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ ва Восеъ субҳ аз соати 5 то 8 ва шом аз соати 17 то 24 барқ дода мешавад. Мутахассисони ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, ин маҳдудияти реҷаи интиқоли барқ (лимит) набуда, ба корҳои таъмиру навсозӣ вобаста мебошад.

Аммо мутахассисони холдинг дар маҳалҳо изҳор мекунанд, ки оби Норакро сарфа мекунанд: он ҷо маҷро хеле паст аст, чунки оби дарёи Вахш барои пур крадани обанбораи Норак меравад.

Зариф Табаров, муовини сардори ҶДММ “Шабакаҳои барқи Кӯлоб” маълумоти ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди интиқоли барқро дар минтақа рад кард.

“Мо аз раҳбарияти “Барқи тоҷик” шифоҳӣ дастур гирифтем, ки интиқоли барқро аз рӯи соат қатъ намоем. Ин ба кам ворид шудани об ба обанбори Норак марбут аст. Ба наздикӣ мавриди истифод қарор гирифтани агрегати якуми нерӯгоҳи Роғун дар назар аст, аз ин рӯ, қисмате аз об дар обанбори Роғун мемонад ва маҷрои воридшавии об ба обанбори Норак паст шуд”, - қайд кард номбурда.

Ба гуфтаи мутахассис, агар ҳозир вазъи обанбори Норак дастгириву нигаҳдорӣ нашавад, зимистон мушкилиҳо рӯйи кор омада метавонанд. “Чунин камобӣ дар Норак маҳз дар моҳи сентябр пештар ба мушоҳида нарасида буд”, - таъкид дошт Табаров.

“Барқи тоҷик” ба зимистон омодагӣ мегирад

Дар ширкати “Барқи тоҷик” сабабҳои дигари қатъи интиқоли барқро дар минтақаи Кӯлоб номбар мекунанд.

Муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик”, директори иҷроияи департаменти “Шабакаҳои тақсими барқ” Мавҷуда Холиқзода ба “Азия-Плюс”иттилоъ дод, ки  дар робита ба баргузории корҳои таъмиру навсозӣ тибқи нақша ҷиҳати омодагӣ ба мавсими зимистон, дар ҳамаи ноҳияҳои кишвар интиқоли нерӯи барқ муваққатан қатъ шуда метавонад, “лекин дар ин хусус шабакаҳои маҳаллӣ пешакӣ аҳолиро огоҳ мекунанд ва ширкат ният надорад, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқро ҷорӣ намояд”.

Ба қавли ӯ, корхонаву муассисаҳои ширкати “Барқи тоҷик” айни замон ба таъмири хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои иқтидорашон гуногун ва дигар дастгоҳу таҷҳизот машғуланд, то ки дар мавсими тирамоҳу зимистон кори боэътимоди шабакаҳо ва интиқоли мунтазами барқро ба аҳолӣ таъмин кунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон бесаброна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғунро интизоранд. Тибқи маълумот дар лавҳаи сомонаи нерӯгоҳ, то он маросим 56 рӯз боқӣ мондааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.