“Ҳамсарони собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), ки пас аз ҷанг даргузаштанд, кумакпулии якдафъаина намегиранд. Ин гуна кумак танҳо барои ҳамсарони тоҷикистонёне, ки бевосита дар майдони набарди ҶБВ чони худро аз даст додаанд, пешбинӣ шудааст”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорон.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамасола дар остонаи ҷашни Рӯзи Ғалаба аз номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони ҶБВ ва дар шахсоне, ки дар муҳосираи Ленинград қарор доштанд, кумкпулӣ ҷудо мешавад, ки ҳаҷми кумаки имсола 3 ҳазор сомониро ташкил дод.

“Ғайр аз ин, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо низ пеш аз чашни Рӯзҳои Ғалаба ва Истиқлолият ба собиқадорони ҷанг, шахсоне, ки дар муҳосираи Ленинград қарор доштанд, ҳамсарони сарбозону афсрони дар майдониҳои ҶБВ ҳалокшуда, ҷанговарони интернатсионалист, одамоне, ки дар бартараф кардани садамаи Нерӯгоҳи атомии Чернобил иштирок кардаанд, кумаки якдафъаина ҷудо мекунанд”, - қайд карда манбаъ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, аввали моҳи сентябр раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба муносибати чашни Рӯзи истиқлолияти ҷумҳурӣ ба 42 нафар собиқадорони ҶБВ, ҳамсарони сарбозону афсарони дар ин ҷанг ҳалокшуда ба ҳар кадоме 900 сомонӣ кумакпулӣ ҷудо намуд.

Зимнан зикр гардид, ки бо ҳамаи масъалаҳои зикршуда шаҳрвандон метавонанд ба Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорон бо телефони 221 86 00 муроҷиат намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.