Дар толори Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ Фестивали шаҳрии «Атласу адраси Хуҷанд - 2018» баргузор гардид, ки дар он беш аз 20 нафар дӯзандагону тарроҳони сарулибос аз ин матоъҳо иштирок карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ва муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ қабл аз иштирок дар фестивал аз намоиши коргоҳҳои атласу адрас ошноӣ пайдо намуданд.

Гуфта мешавад, аз ҷумла ҶДММ ”Атласи Хуҷанд” маҷмуъи маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ки рангорангии атласи хуҷандӣ дили бинандагонро тасхир менамуд.

1/10

Зимни баромади худ раиси шаҳри Хуҷанд аз ҷумла зикр дошт, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ баргузор мегардад.

“Мардуми тоҷик дар бофту дўхти навъҳои либос ва таҳияи маводи он тавассути атласи миллӣ, адрасу шоҳӣ эътироф шудаву ҳосили он серхаридортарин шинохта шудааст. Истеҳсоли атлас, ки дар таърихи тоҷикон ҳамеша нуфузи зиёд дошт, имрўз ҳам шўҳрату мақомашро аз даст надодааст”, - изҳор намуд раиси шаҳр.

Сипас, муовини раиси вилояти Суғд суханронӣ намуда, намуда, аз ҷумла гуфт, ки соли 2018 бо иқдоми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда, дар партави ин ташаббус баргузор шудани чунин чорабинӣ дар шаҳри Хуҷанд як навъ арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ арзёбӣ мегардад.

“Имрӯз ба чеҳраҳои зебову гуворо ва таҷассуми либосҳои шинами Шумо, ки шукўҳу нусрати либоси миллиро бозтоби равшан мебахшанд, бори дигар ба назокату латофати ин падидаи неки фарҳанги миллии тоҷикон қоил мегардам, зеро либоси миллӣ таҷассумгари ҳунари дастони эъҷозофарини намояндагони миллати тоҷик аз дуртарин даврони таърихӣ маҷмўан фарҳанг ва суннатҳои хоси тамаддуни миллиро ҷилвагар сохта, то замони мо ин арзишҳоро давом бахшидааст”, - иброз дошт Назира Ғаффорова.

Зикр мегардад, ки сипас аз рӯйи шартҳои: “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси миллии арӯсиву домодӣ”, “Беҳтарин либоси рӯзмара” ва “Беҳтарин либоси идона” бо маҳсули эҷоди 21 тарроҳ ва зиёда аз 140 муаррифкунанда сурат гирифта, ғолибон муайян гардиданд.