Дар робита ба баргузории ҷаласаи навбатии сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 11-12 октябр дар Душанбе, ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои маркази пойтахт маҳдуд мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Шуъбаи БДА РВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд, басташавии роҳҳо дар маркази пойтахт аз пагоҳ, соати 12-и рӯз оғоз мегардад.

“Ҳангоми ҳаракати қатораи автомашинаҳои сарвазирони кишварҳои ИДМ аз фурудгоҳ то қароргоҳи ҳукумати ҷумҳурӣ роҳи кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Айнӣ, Рӯдакӣ, Бухоро ва Сомонӣ баста мешаванд”, - гуфтанд дар ШБДА.

Рӯзи дигар, 12 октябр баъди соати 14 зимни аз Душанбе рафтани меҳмонони олимақом низ роҳҳо дар кӯчаҳои зикршуда баста хоҳанд шуд.

Шуъбаи БДА РВКД дар шаҳри Душанбе ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия медиҳад, ки дар вақти зикршуда аз ҳаракат тариқи роҳҳои кӯчаҳои зикрёфта худдорӣ варзида, аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода кунанд.

Дар кори ҷаласаи навбатии сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштироки роҳбарони ҳукуматҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.