Сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Фахриддин Собиров дар бемористон ба ҳуш наомада, аз олам даргузашт. Дар ин бора аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар доданд.

Сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон полковник Фахриддин Собиров рӯзи 13 октябр бо осори захму зарб дар косахонаи сару асаб ба Маркази милии тиббии Тоҷикистон (Қарияи Боло) оварда шуд.

Фахриддин Собировро роҳгузарон дар мавзеи назди телевизиони “Сафина” беҳуш дарёфта, мошини ёри таъҷилии тиббиро даъват мекунанд, ки ӯро ба бемористон мебарад.

Табибон изҳор доштаанд, ки бар асари ин зарба Собиров ба хунравии мағзӣ дучор шуда, ӯ мавриди ҷарроҳии вазнин қарор гирифт. Соати 2-и имрӯз ӯ ба ҳуш наомада, дилаш аз тапидан бозмонд.

Қаблан як манбаъ дар Хадамоти гумрук ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки Собиров мавриди лату кӯб қарор гирифта, бо олоти сахте ба сараш зарба зада шудааст.

Аммо Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ин робита изҳороти расмӣ пахш намуда, ҳодисаро чунин шарҳ медиҳад, ки Собиров лату кӯб нашуда, бар асари фишори баланд худаш ба замин афтидааст.

“Кормандони милитсия бо истифода аз имкониятҳои техникии камераҳои Маркази худкори «Шаҳри бехатар» ва пурсиши шоҳидони ҳодиса муайян намуданд, ки санаи 13 октябри соли ҷорӣ, соати 11:02-дақиқаи рӯзона ҳангоми дар кӯчаи Рӯдакӣ, дар канори роҳи мошингузар, назди бинои 37 қарор доштанаш, шаҳрванд Фахриддин Собирови 52-сола, сокини шаҳри Душанбе аз сабаби баланд гардидани фишор, ногаҳон ба замин афтида, дар натиҷа ҷароҳат бардоштааст”, - қайд мешавад дар изҳороти ВКД.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки сипас шоҳидони ҳодиса бо мақсади кӯмак намудан ба нафари дар заминафтода дарҳол ба назди ӯ омада, ҷиҳати дастрас намудан ба Беморхона автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ»-ро давъат менамоянд.

“Дар вақти муоинаи аввалини тиббӣ муайян карда шудааст, ки фишори шаҳрванд Фахриддин Собиров ҳанӯз дар вақти рух додани ҳодиса аз 220 дараҷа боло мебошад, ки ин омил сабабгори асосии беҳуш гардидан ва ба замин афтидани Собиров шудааст”, - шарҳ дода мешавад дар изҳорот.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.