Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи тоҷик, 37-солагии худро на дар тарабхонаву ҳалқаи ҳамкорон, балки бо шогирдони хонаи кӯдакони рақами дуи шаҳри Душанбе таҷлил кард. Тӯҳфаи зодрӯзиро 90 тифли ятиму бесарпаноҳ гирифтанд.

Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, Шабнами Сурайё барои атфол як дастархони бошукӯҳе бо ғизову шириниҳо омода кард ва барои хушҳолии атфол рамзи қаҳрамонони афсонаҳоро ҳам даъват намуд.

Гуфта мешавад, Шабнам дар ҳоле ки бархе кӯдаконро худаш хӯрок медод ва ба онҳо меҳрубонӣ мекард, гуфт, "ин беҳтарин ҷашни зодрӯзаш буд".

"Рости гап, чанд сол боз зодрӯзамро ҷашн намегирам. Имсол бо маслиҳати модарам Сурайё Қосимова, тағоям Сайёф ва бо кумаки дӯстам Хусравҷон фикр кардем, беҳтар аст, ин рӯзро бо ятимон таҷлил кунем. Ин рӯз барои ман беҳтарин рӯз буд", - гуфтааст ӯ дар суҳбат бо ин хабаргузорӣ.

Ӯ чанд лаҳза барои атфол нақши модарро иҷро кард. Иззатуллои 4-моҳа бештар аз ҳама таваҷҷуҳи Шабнамро ба худ ҷалб намуд. Ӯ худаш ба ин тифл либоси нав пӯшонд, хӯрок дод ва сӯҳбат кард. Иззатулло аз модаре ба дунё омадааст, ки бемории руҳӣ дорад ва баъди таваллуд ба тарбияи хона-интернат гузошта шудааст.