Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озуқаворӣ чорабинӣ доир мегардад, ки мавзӯи он яке аз ҳадафҳои дуюм дар самти рушди устуворро дар бар мегирад.

Бино ба маълумоти намояндагии Барномаи ҷаҳони озуқаи СММ дар Тоҷикистон, ҳадафи дуюм натанҳо ба аз байн бурдани гуруснагӣ, балки ба беҳбуди истеъмоли ғизо ва ноил гардидан ба устувории истеҳсолот дар бахши кишоварзӣ нигаронида шудааст.

Дар ин чорабинӣ кормандони вазорату идораҳои гуногун, намояндагиҳои дипломатӣ, сохторҳои СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ иштирок мекунанд.

Барномаи чорабинӣ аз ҳунарнамоии гурӯҳи рақсии кӯдакон, баргузории намоишгоҳи расмҳои кӯдакон ва тақдими мукофотҳо ба ғолибони озмуни эълоншуда аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) ва Барномаи ҷаҳони озуқаи СММ, маълумот дар бораи таърихи ба комёбиҳо расидани фермерон, намоишномаи театри лӯхтак, бозиҳои интерактивӣ барои кӯдакон “Мактаби тарзи ҳаёти солим” иборат аст. 

Ҳамчунин дар доираи Рӯзи ҷаҳонии озуқаворӣ имрӯз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аз соати 10:30 то 12:30 дақиқа бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон ва олимону коршиносони соҳаи озуқа ва бахши кишоварзӣ дар мавзӯи “Ояндаи мо дар дасти худамон аст” музокироти кушод баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озуқаворӣ дар беш аз 150 кишвари саросари дунё баргузор гардида, рӯз дар тақвими СММ яке аз санаҳое мебошад, ки ба таври густурда ҷашн гирифта мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.