Рӯзҳои 16-17 октябр дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор пешгӯӣ мешавад. Дар ин давра боридани борон ва қариб 10 дараҷа поинравии ҳарорат пешбинӣ мешавад.

Тавре Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, дар аксари ноҳияҳо боридани борон ва табдили он ба барф дар назар аст.

Дар Душанбе борон борида, ба барфи тар мегузарад. Ҳаво шабона +5+7 ва рӯзона +7+9  дараҷа гарм мешавад.

Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ боришоти сахти борон пешбинӣ шуда, шом имкони ба барф табдил ёфтани он вуҷуд дорад.

Дар ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Суғд боридани борону ба барф табдл ёфтани он пешбинӣ гардида, ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0+5 ва дар кӯҳҳо шабона ва рӯзона -1+4  дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва боридани борону барф дар назар буда,   ҳарорат дар ғарби вилоят шабона +1+6, рӯзона +7+12 ва дар шарқи вилоят шабона -3-8 ва рӯзона 0+5 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Хатлон низ боридани борон пешбинӣ шуда, дар водиҳо шабона ва рӯзона +6+11 ва дар доманакӯҳҳо шабона ва рӯзона +2+7  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.