Сарфи назар аз номусоидии обуҳаво, ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ бо реҷаи муқаррарӣ ҷараён дошта, хадамоти дахлдор низ дар таъмини он машғули коранд.

Филиали ширкати Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Тоҷикистон аз номусоидии обуҳаво дар роҳи мошингарди Душанбе – Чанок бо sms-паёмак хабар дода, аз ронандагон дархост кардааст, ки ҳушёру боэҳтиёт бошанд. 

Тибқи маълумоти ширкат, дар роҳи мошингарди Душанбе – Чанок айни замон аз километри 10 то 67- уми роҳ борон ва аз километри 67 то 73 барф борида истодааст.

“Дар минтақаи Зарафшон ҳаво абрноки бебориш буда, дар давоми рӯз боришот пешгӯйӣ шудааст. Дар минтақаи Суғд ҳаво абрнок аст, дар мавзеи Шаҳристон туман фаромада, барф борида истодааст”, - омадааст дар маълумоти ширкати IRS.

1/2

Ширкат аз ронандагон дархост намудааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя ва ба ҳамдигар эҳтиром гузошта, ба пайдо шудани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт роҳ надиҳанд, “зеро аксар вақт бо сабаби бетартиб будани ҳаракати автомашинаҳо, техника сарвақт ба ҷойи ҳодиса расида наметавонад”.

Дар хадамоти матбуоти IRS хабар доданд, ки имрӯз дар километри 135-уми роҳи Душанбе – Чанок, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ соати 03:30 автомашинаи боркаш бо пиёз чаппа шуда, кормандони ширкат саривақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Дар ин садамаи нақлиёт касе осеб надидааст.

1/3

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолаҳои фавқулода хабар доданд, айни замон роҳҳо бозу ҳаракати нақлиёт дар ағбаҳо бо реҷаи муқаррарӣ ҷараён дорад ва вобаста ба баландии ағбаҳо, суръати ҳаракат муайян карда шудааст. Дар роҳҳо дидбонгоҳҳо кор мекунанд.

Сардори дафтари матбуоти Кумита Умеда Юсуфӣ изҳор намуд, ки ҳозир метавон ба сафар баромад, лекин ҳатман қоидаҳои бехатариро риоя кардан зарур аст.

“Аз баланд кардани суръати ҳаракат дар роҳҳо, бахусус ағбаҳо худдорӣ варзиданро дархост мекунем. Ба автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм тавсия медиҳем, ки зимни сафар бо роҳи Душанбе – Чанок ва Душанбе – Хоруғ аз занҷираҳои бехатарӣ дар чархҳои автомобил истифода кунанд, - гуфт ӯ. – Ба мошинҳои сабукрав тавсия дода мешавад, ки резинаҳо (шинаҳо)-и чархи автомобилро иваз намоянд”.

Тавре обуҳавошиносон хабар медиҳанд, имрӯзу пагоҳ дар ҷумҳурӣ обуҳавои номусоид дар назар буда, борону барф меборад ва ҳарорат то 10 дараҷа поин меравад. Дар аксари ноҳияҳо борон ба барфи тар табдил меёбад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.