Дар назди шабакаи телевизиони “Кӯлоб” нахустин радиои маҳаллӣ ба кор даромад.

Он бо дастгирии ҳукумати кишвар ва Куммитаи давлатии телевизиону радиои ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз намуда, пахши нахустин барномаҳои “Радиои Кӯлоб” зери мавҷи 101 санаи 14 октябр сурат гирифт.

“Айни замон мавҷҳои радио танҳо шаҳри Кӯлоб ва қисмате аз ноҳияи Восеъро фаро мегиранд. Минбаъд ният дорем, ки мавҷҳои радиоро фарогири тамоми вилояти Хатлон гардонем”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” директори “ТВ-Кӯлоб” Сафаралӣ Эргашев.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар радио 3 нафар рӯзноманигорон фаъолият дошта, аз соли нав басти воҳидҳои корӣ (штат)-и кормандон зиёд мешавад.

“Алҳол дар радио барномаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин фарҳангиву маърифатӣ ва мусиқӣ пахш мешавад. Минбаъд доираи мавзӯи барномаҳоро васеъ хоҳем кард”, - гуфт Эргашев.

Айни замон дар минтақаи мазкур мавҷҳои радиоҳои ҷумҳуриявии “Садои Душанбе” ва “Радиои Тоҷикистон” дастрас буда, радиои “Кӯлоб” аввалин радиои маҳаллӣ аст.

Шабакаи ТВ-Кӯлоб соли 1992 ҳамчун телевизиони хусусӣ таъсис дода шуда, соли 2002 ба тавозуни Кумитаи давлатии телевизиону радиои ҷумҳурӣ гузашт. Айни замон дар ин шабака то 70 нафар кор мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.