Барои иштирок дар чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург дар Душанбе ҳайати ин шаҳр таҳти сарварии раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли Санкт-Петербург Дмитрий Чернейко рӯзи 17 октябр ба Душанбе ташриф овард.

Дар ин ҳайат ҳамчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Санкт-Петербург, омӯзгорони забону адабиёти рус, табибони варзида ва ҳунармнадони гурӯҳҳои эҷодии шаҳр ҳузур доранд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории Душанбе.

Дар доираи ин сафар ҳайати шаҳри Санкт-Петербург бо муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода дидору гуфтушунид мекунад.

Рӯзҳои фарҳанги Санкт-Петербург дар Душанбе то 20 октябр иддома ёфта, барномаи он аз баргузории мизҳои гирд ва вохӯриҳо дар мавриди баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва муносибатҳои байни миллатҳо иборат аст.

Ҳамчунин дар доираи чорабиниҳо табибони шаҳри Санкт-Петербург барои мутахассисони муассисаҳои тиббии Душанбе машғулиятҳо гузаронида, ба аҳолии шаҳр машваратҳо медиҳанд.

Барои омӯзгорони забону адабиёти рус семинар-лексияҳо ва барои тарбиятгирандагони мактабҳои мусиқии пойтахт низ доир ба навохтани асбобҳои мусиқӣ машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

Имрӯз, 18 октябр дар майдони “800-солагии Москва” назди Театри опера ва балети ба номи Садридин Айнӣ бо иштироки овозхонони операи Театри Мариинск Наталя Павлова ва Андрей Серов консерти бошукӯҳ баргузор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.