Ибтидо аз нимаи дуюми моҳи октябри соли 2018 интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе зина ба зина оғоз ёфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ШСХК “Барқи тоҷик”, алҳол 816 бинову иншооти дар ноҳияи Сино ва Исмоили Сомонӣ воқеъ гардида, гармӣ гирифта истодаанд. Корҳои омодагӣ ба интиқоли гармӣ ба дигар бинову иншооти шаҳри Душанбе идома доранд. Имсол аз рӯи нақшаи техникӣ бояд 1800 бинову иншооти пойтахт бо гармӣ таъмин хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, барои кори пурсамари Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе соли ҷорӣ аз конҳои маҳаллӣ зиёда аз 746 000 тонна ангишт кашонда, захира карда шудааст. Кашондану захира намудани ангишт идома дорад.

Зикр мегардад, ки Маркази барқу гармидиҳии якуми шаҳри Душанбе бошад, бо шарофати гарм шудани муносибатҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, имсол бо истифода аз газ кор карда истодааст.

Дар баробари ин, нерӯгоҳҳои барқу гармии пойтахт ҳар шабонарӯз зиёда аз 8,5 миллион киловатт нерӯи барқ истеҳсол менамояд. Баъди пурра истифода бурдани Марказҳои барқу гармидиҳӣ миқдори истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ низ меафзояд.

Дар баробари ин, дар системаи энергетикӣ охирин корҳои таъмирӣ-профилактикии дастгоҳҳои азим идома доранд. Вобаста ба ин зарурат пеш омадааст, ки дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ интиқоли барқ зина ба зина қатъ мегардад. Хотиррасон менамоем, ки ин тадбир муваққатӣ буда, барои хубтар бо барқ таъмин намудани муштариён дар давраи зимистон роҳандозӣ мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.