Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳоро оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2021 дар пойтахт тасдиқ намуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт иттилоъ дод, мувофиқи нақшаи мазкур давоми солҳои 2018-2021 дар Душанбе беш аз 4 ҳазор иншооти таъиноти саноатӣ, савдо, маишӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш ба истифода дода мешаванд.

Дар иншооти зикршуда маҳсулоти қаннодӣ, маснӯоти бофандагиву дӯзандагӣ, таҷҳизоти маишӣ ва дигар навъи маҳсулот истеҳсол хоҳад шуда, дар ин корхонаҳо ба сурати умум беш аз 17 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои шаҳр дастур дод, ки аз ҷараёни иҷрои нақшаи мазкур ҳар семоҳа аз натиҷаи корҳои иҷрошуда маълумот пешниҳод намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.