Ба гумони даст доштан дар дуздӣ як сокини 18-солаи шаҳри Душанбе боздошт шуда, вале дар бораи чӣ гуна ба ин кор муяссар шудани ӯ маълумот дода намешавад.

Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, сокини 41-солаи пойтахт бо далели содир шудани дуздӣ ба Шуъбаи ВКД Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат мекунад.

Бино ба иттилои манбаъ, ӯ изҳор мекунад, ки тахминан соати 12:00-дақиқаи рӯзи 13 ноябр шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дукони гуштфурӯшиаш, воқеъ дар кӯчаи Меҳнат 150-кг гӯшти говро, ки арзиши умумиашон 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини кӯчаи Саҳбои пойтахтро бо ҷурми дуздӣ дастгир намуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.