Дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ охири ҳафтаи гузашта фестивали “Оши палав” доир гардид, ки дар он ба ҷуз 400 дег бо навъҳои гуногуни ин ғизо, боз оши палави 1 тоннагӣ пухта шуд.

Оши 1 тоннагиро муддати ҳашт соат 7 ошпаз таҳия намуда, ҳамин тариқ як рекорди ба худ хоси тоҷикӣ гузоштанд.

"Пухтани онро мо аз соати 12-и шаб шурӯъ намудем. Барои таҳияи он 250 кило биринҷ, 200 кило гӯшт, 350 кило сабзӣ, 90 литр раған, 30 кило пиёз, як кило зира ва панҷ кило мавиз ва як килло нахуд истифода шуд”, - изҳор намуд ба “Азия-Плюс” сарошпаз Баҳром Раҳмонов.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.