Ширкати Tcell миёни шабакаҳои мобилии кишвар нахустин шуда барои сокинони шаҳри Кӯлоб иртиботи баландсуръати 4G-ро фароҳам овард! Шабакаи 4G аллакай нисфи зиёди шаҳрро фаро гирифта, беш аз 100 000 нафар сокинон имкони пайваст шудан ва истифода аз интернети балансуръатро пайдо намуданд!

Ширкати Tcell, ки дар пешниҳоди хидматрасониҳо ва тасмимгириҳои иноватсионӣ пешоҳанги бозори кишвар мебошад, шабакаи худро дар қаламрави Тоҷикистон тавсеа дода, бозсохту тақвияти шабакаро идома медиҳад. Навсозии навбатии иноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ба вуқӯъ пайваст- дар ин ҷо пойгоҳи мавҷрасони 4G, ки алоқаи мобилӣ ва трафики интернетро суръат мебахшад, ба фаъолият оғоз кард. Сокинони Кӯлоб аз ин ба баъд метавонанд аз имкониятҳои бузурги шабакаи ҷаҳонӣ: тамошои наворҳои мустақим, филму видеоҳои гуногун, рухдодҳои варзишӣ, бозиҳои онлайн истифода бурда, табодули маводҳои видеоии ҳаҷмашон калонро бо суръати то 50 Мбит/с ба роҳ монанд!

Дар ҳоли ҳозир ширкати Tcell дар аксари манотиқи Тоҷикистон шабакаи ироаи хизматрасонии насли 4G (интернети баландсуръат ва иртибот)-ро роҳандозӣ кардааст.    Шурӯъ аз соли 2014-ум, ки ширкати Tcell ба васли шабакаи 4G дар ҷумҳурӣ оғоз намуд, қариб дар аксари шаҳру манотиқи Тоҷикистон ин намуди хидматрасонии иноватсионӣ дастрас шудааст. Фақат дар чанд моҳи ахир шабакаи 4G дар 3 шаҳр: Данғараи вилояти Хатлон, Роғун (НТМ) ва Хоруғи ВМКБ ба сокинон дастрас шуд. Ба мушкилоти мухталиф нигоҳ накарда, дар манотиқи кӯҳистони кишвар марҳила ба марҳила насбу васли шабакаи 4G аз сӯи ширкати Tcell идома хоҳад ёфт.   

«Агар дар мавриди тавсеаи шабака ҳарф занем, Tcell дар ҳеч шакле пешсафиро аз даст доданӣ нест. Ҳадафи мо- пешниҳод (ироа)-и иртиботи балансифату балансуръат барои тамоми сокинони Тоҷикистон аст. Чанд моҳи ахир мо дар шаҳрҳои Данғараи вилояти Хатлон, Хоруғи ВМКБ ва Роғун шабакаи насли нав- 4G-ро фаъол кардем. Айни ҳол ин хизматрасонӣ бо имконоти васеъ ва сифати олӣ ба сокинон дастрас аст. Мо барои рушди бонизоми ҷомеъа аз имконоти технология ва хизматрасониҳои ҷадид истифода мебарем ва онро тавсеа хоҳем бахшид”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Ширкати Tcell барои истифодаи 4G интернет тарофаи зарурии «Даркор»-ро бо ҷадвали вижа пешниҳоди муштариён мекунад. Шартҳои тарофаи нақшавии «Даркор» бо ба ҳисоб гирифтани талаботи корбарони фаъоли интернет коркард шудааст. Масалан, тарофаи маъмули “Даркор 59”, ба истифодабаранда имконият медиҳад, ки бо пардохти ҳамагӣ 59 сомонӣ соҳиби 3000 МБ трафики Интернет, 30 дақиқа занги баромад ба дигар операторон ва иртиботи бемаҳдуд дар дохили шабакаи Тcell давоми як моҳ шавад.     
Таври мисол, 3000 МБ – барои тамошои бе танафуси шабакаи Youtube тӯли 6 соат, 60 соат бозиҳои онлайнӣ (мустақим) ва 35 соати “сайру саёҳат” дар олами маҷозӣ ва истифодаи шабакоти иҷтимоӣ басанда аст. Интернети баландсуръати шабакаи 4G аз Tcell истифодаи интернету иртиботро барои муштариён бо сифати боло кафолат медиҳад!  

___________________

 Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.