Мақомоти шаҳрдории Душанбе маълумотро дар бораи муҷозоти чанде аз кормандон баъди ҳодиса дар ҷараёни фестивали “Оши палав” дар Боғи Фирдавсии пойтахт рад намуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, корҳои тадорукотии фестивал дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда буданд.

“Дар бадахлоқиву беадабӣ ва бетарбиягии чанде аз тамошобинони чорабинӣ ташкилкунандагон гунаҳкор нестанд”, - қайд кард манбаъ.

Қобили зикр аст, ки санаи 10 ноябр ошпазҳои беҳтарини ҷумҳурӣ дар боғи Фирдавсии пойтахт дар доираи фестивали “Оши палав” як тонна ош пухтанд. Барои таҳияи он 250 кило биринҷ, 200 кило гӯшт, 350 кило сабзӣ, 90 литр раған, 30 кило пиёз, як кило зира ва панҷ кило мавиз ва як килло нахуд истифода шуд.

Оши палав ба меҳмонони фестивал бепул тақсим шуд. Лекин баъди тановулу фестивалро тарк кардани меҳмонон, бетартибиву беназмиҳо сар зада, чанде аз тамошобинон ба деги ош дарафтоданд ва бо ҳар роҳу васила мехостанд аз он ош бигиранд.

Навори видеои ин ҳодиса боиси маломати сахти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, мақомоти шаҳрдорӣ ин ҳодисаро маҳкум намуда, дар ин робита ба тақвияти таблиғи корҳои тарбиявӣ миёни аҳолӣ талош хоҳад варзид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.