Аз оғози соли равон беш аз 1,7 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия ворид шуда, аз рӯи шумори муҳоҷирони дар Русия Тоҷикистон баъди Ӯзбекистон дар зинаи дуюм қарор дорад.

Бино ба маълумоти ташкилоти ҷамъиятии “Федератсияи муҳоҷирони Русия”, давлми моҳҳои январ то сентябри соли равон 1 745 554 нафар аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд, ки 790 116 нафарашон бао мақсади кор.

Аз оғози соли 2018 аз Ӯзбекистон ба Русия беш аз 3 млн. 400 ҳазор нафар ба Русия ворид шудаанд, аз ҷумла 1 573 791 нафар бо мақсади кор.

Зинаи сеюмро дар ин самт Украина (347 272 нафар барои кор) ва мақоми чорумро Қирғизистон (247 658 нафар) иҳғол мекунанд.

Гуфта мешавад, муҳоҷирон барои кор бештар ба Маскав мераванд. Аз оғози сол дар пойтахти Русия беш аз 1,2 млн. нафар муҳоҷирони корӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳамчунин хориҷиён барои кор шаҳрҳои Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград (718 567 нафар), вилояти Маскав (343 508 нафар) ва вилояти Свердловск (100 485 нафар)-ро низ интихоб кардаанд.

Аз минтақаҳои дигар кишвари Крсанодар, вилоятҳои Самара, Новосибирск, Ҳавзаи Мухтори Ханти-Мансийск, кишвари Красноярск, вилояти Иркутск, Тотористон бештар барои муҳоҷирон писандида аст, гуфта мешавад дар маводи ташкилот.

Дар ҳамин ҳол, маблағи умумии пулҳои интиқолёфта аа Русия ба Тоҷикистон нимсолаи аввали соли 2018 – 1 млрд. 150 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89 млн. доллар зиёдтар аст, хабар дода мешавад дар сомонаи Бонки марказии Русия.

Дар ҳамин ҳол, семоҳаи аввал ҳаҷми маблағи як интиқоли пулӣ ба ҳисоби миёна 87 долларро ташкил дода, семоҳаи дуюм то 120 доллар афзудааст.

Дар робита ба сабади асъори интиқоли маблағҳои фаромарзӣ зикр шудааст, ки 80%-и пулҳо бо рубли русӣ, наздики 18% бо доллар ва ҳаҷми начандони зиёд бо евро ва дигар асъор ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.