Мувофиқи маълумоти оморӣ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 1 млн. 165 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ӯзбекистон боздид намудаанд. Дар ҳамин давра 1 млн. 253 ҳазор нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омадаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон шумори шаҳрвандони хориҷие, ки аз ин кишвар боздид кардаанд, 4666,5 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 баробар зиёдтар аст.

Аз шумори умумии сайёҳони ба Ӯзбекистон сафаркарда 40,2% - ба Қазоқистон, 24,8% - ба Тоҷикистон, 16,7% - ба Қирғизистон, 7,4% - ба Русия ва аз кишварҳои хориҷи дур 1,1% - ба Туркия, 0,6% - ба Чин, 0,5% - ба Кореяи Ҷанубӣ, 0,3%-ӣ ба Ҳиндустон, Олмон ва Япония рост меояд.

Тӯли 9 моҳ шумори шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки қаламрави кишварро тарк кардаанд, 10812,0 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,1 маротиба зиёдтар мебошад.

Дар ин давра ӯзбекистониҳо ба Қазоқистон – 53,4%, Қирғизистон – 22,2%, Тоҷикистон – 11,6%, Русия – 8,2% ва аз кишварҳои хориҷи дур ба Туркия – 1,3%, Кореяи Ҷанубӣ – 0,6%, Амороти Муттаҳидаи Араб – 0,3%,Чин, Арабистони Саудӣ ва Ҳиндустон – 0,2%-ӣ сафар кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.