Ҳукумат пешниҳод кардааст, ки ба лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2019” дар мавриди пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба ду ширкати Чин, ду ширкати Ӯзбекистон ва як ширкати Туркманистон, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мактабу бемористон месозанд, тағйирот ворид шавад.

Сохтмони мактабҳо дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ва деҳаи Чордараи шаҳри Ваҳдат, ки ширкати чинии “ТВЕА” месозад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилӣ ва андоз аз фоида озод мешаванд.

Ба ширкати дигари Чин - «Синохайдро», ки дар шаҳрҳои Бохтару Леваканд ва ноҳияи Данғара мактаб месозад, низ чунин имтиёзҳо дода мешаванд.

Сохтмони мактаб барои 540 ҷойи нишаст дар хоҷагии Эргаш Султонови ноҳияи Дӯстӣ аз ҷониби сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон низ аз чунин имтиёзҳо бархӯрдор хоҳад шуд.

Сохтмони мактаб барои 630 ҷойи нишаст дар ноҳияи Спитамен ва маҷмааи тандурустӣ дар ноҳияи Қубодиён аз ҷониби ширкатҳои Ӯзбекистон низ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилӣ ва андоз аз фоида озод мешаванд.

Ғайр аз ин, воридоти молу маҳсулот аз ҷониби фармоишгарон ва паймонкорони кулл барои сохтмони иншооти дар боло зикршуда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ тибқи номгӯй ва ҳаҷми тасдиқшуда аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон озод карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.