Муҳаммадрофеи Кароматуллоҳ, писари овозхони маъруф Кароматуллоҳи Қурбон, ки имрӯз 57-сола мешуд, ба хотири ёдбуди падараш консерт барпо мекунад.

Консерт таҳти унвони “Қиссаи дарё” имрӯз, 29 ноябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев доир мегардад.

Тавре овозхон ваъда дод, дар консерт мухлисони эҷоди ӯро таронаҳо ва симои нав интизоранд. Санаи 28 ноябр ӯ дар барномаи радиои “Азия-Плюс” иштирок карда, дар бораи ҷузъиёти консерт маълумот дод.

Asia-Plus

“Ба консерт ҷиддӣ омодагӣ мегирам, аммо Нозия дар консерт иштирок намекунад. Ҳар сол мо ба хотир ёдбуди падар консерти муштарак барпо мекардем, лекин имсол Нозия дар шаҳр нест ва муваққатан ба саҳна баромада наметавонад”, - хабар дод овозхон.

Бо вуҷуди ин чанде қабл фарзандони овозхон ба таронаи падарашон “Ишқи рӯҳафзо” клип таҳия намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.