Касе, ки аққалан боре ба Самарқанд рафта бошад, натанҳо Регистони ин шаҳри афсонавӣ, балки нонҳои хуштаъми онро низ дар хотир дорад, ки обашон намегурезад.

“Гала Осиё-нон” – ин ҳамон нони маъруфи самарқандист, ки дар борааш ҳатто ривояти шавқоваре ҳаст. Мегӯянд, амири Бухоро нахостааст, ки дигар ба ӯ аз Самарқанд нон оранду, онро дар қаср пазанд. Барои ин ӯ аз Самарқанд нонвоеро низ овардааст, лекин ҳарчанд ин устои нонпаз бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекардааст, нонҳо чун дар Самарқанд ҳосил намешудаанд.

Тахминҳо гуногун буданд: мегуфтанд шояд орд аз Самарқанд нест ё гап сари танӯру об аст. Таркибҳои лозимиро аз Самарқанд оварда бошанд ҳам, хоҳ нохоҳ нон чун дар Самарқанд тайёр намешуд. Маълум шуд, ки чизи оддие намерасидааст, яъне барои ҳосил шудани нони ҳақиқии “Гала Осиё-нон” ҳамагӣ обуҳавои Самарқандро овардан лозим будааст. Албатта, ин кор ғайриимкон буда, аз ин рӯ, “Гала Осиё-нон” то ҳол танҳо дар Самарқанд пухта мешавад.

Маҳз аз ҳамон ҷо мо барои Шумо гузориши видеоӣ таҳия намудем.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.