Дар доираи амалишавии марҳилаи навбатии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд» ба маркази вилояти Суғд 12 адад техникаҳои нави партовкашонӣ ворид карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, зимни муаррифии техникаҳои воридгардида рӯзи 6 декабр дар назди майдони Парчами давлатии ба раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ доданд, ки то охири сол боз 7 адад техникаҳои партовкашонӣ оварда мешавад.


Гуфта мешавад, раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастгириҳои пайвастаи ҳукумати Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд» иброз дошт, ки техникаҳои нав баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ ва некӯаҳволии сокинони шаҳр мусоидат менамояд.

Тазаккур дода шуд, ки бо афзоиши аҳолии шаҳри Хуҷанд партовҳо низ бештар гвардида, аз ин лиҳоз, ниҳодҳои марбутаро зарур аст, ки фаъолияти муназзамро ба роҳ монда, барои тозагиву ободонии шаҳр аз имкониятҳои мавҷуда пурра истифода намоянд.


Зимнан зикр мегардад, ки раиси вилоят ҳамзамон ба масъулини идораҳои роҳу нақлиёт дастур дод, ки барои паси сар намудани зимистони дар пешистода ба таври ҷиддӣ омодагӣ бинанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.