Ба наздикӣ Соли нав фаро мерасад ва мо тасмим гирифтем, ки дар бораи чӣ гуна ҷашн гирифтани он дар дигар кишварҳо огаҳӣ ёбем. Маълум шуд, ки байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сокинони Ӯзбекистон аз ҳама бештар дар ин ид истироҳат мекунанд.

Сокинони Тоҷикистон дар ҷашни Соли нав ҳамагӣ як рӯзи истироҳат доранд: мутобиқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, дар ин ид танҳо рӯзи 1 январ истироҳат муқаррар шудааст.

Соли гузашта сокинони Тоҷикистон се рӯз истироҳат карданд, чунки санаи 31 декабр ба рӯзи якшанбе рост омада, одамон натанҳо рӯзи 1 январ (душанбе), балки рӯзи 2-юми январ (сешанбе) низ истироҳат доштанд.

Имсол бошад, рӯзи охири соли равон – 31 декабр ба рӯзи душанбе рост омада, аз ин рӯ, барои тоҷикистониён дар Соли нав танҳо 1 январ рӯзи истироҳат мешавад.

Ба муносибати ҷашни Соли нав сокинони Ӯзбекистон 5 рӯзи пайиҳам – аз 30 декабр то 3 январи соли 2019 истироҳат мекунанд.

Рӯзҳои истироҳати иловагӣ дар ин робита бо фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 ноябр “баҳри истироҳати хубу комил ва ҷашнгирии Соли нав дар доираи аҳли оила” ҷорӣ шуд.

Лекин барои ҷорӣ шудани рӯзҳои истироҳати иловагӣ, ду рӯзи шанбе – 29 декабри соли 2018 ва 5 январи соли 2019 дар Ӯзбекистон рӯзи корӣ мешавад.

Дар ҷашни Соли нав сокинони Қазоқистон 4 рӯз истироҳат мекунанд. Рӯзи истироҳати шанбе- 29 декабр ба рӯзи душанбе – 31 декабр гузаронида мешавад. Рӯзҳои истироҳати қазоқистониҳо санаи 30 декабр оғоз гардида, се рӯзи минбаъда – 31 декабр, 1 ва 2 январ низ рӯзи ид ва истироҳат мебошанд.

Дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон низ дар ҷашни Соли нав 4 рӯз – аз 30 декабр то 3 январ рӯзҳои истироҳат эълон шудааст. Дар ин ҷо низ Рӯзи истироҳати шанбе- 29 декабр ба рӯзи душанбе – 31 декабр гузаронида шудааст.

Дар Туркмманистон низ чун дар Тоҷикистон дар ҷашни Соли нав танҳо як рӯз – 1 январ рӯзи истироҳат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.