Соли дуюм пайдарҳам аст, ки ҳукуматдорони Душанбе сокинони шаҳрро бо хеле барвақт аз фарорасии Соли нав гузоштани арчаи солинавӣ хурсанд месозанд. Имсол низ то 10 декабр корҳои гузоштан ва зебу зинати арчаи баландтарин дар таърихи кишвар (28 метр) ба анҷом расиданд.

Ба корҳои гузоштан ва зебу зинат додани арчаи солинавии асосӣ дар Тоҷикистон мақомоти шаҳрдории Душанбе ҳанӯз як моҳ пеш аз фарорасии он оғоз намуд. Ин таҷриба аз соли гузашта, аз замони раиси шаҳри Душанбе таъин шудани Рустами Эмомалӣ рӯйи кор омад.

Қаблан рамзи иди Соли нави милодӣ ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз 31 декабр дар майдони “Дӯстӣ”қомат афрохта, аввалҳои моҳия январ барканда мешуд. Ба гунаи мисол, соли 2015 арчаи солинавиро 30 декабр гузошта, 2 январ онро барканда буданд.

Арчаи солинавии Тоҷикистон дар соли 2012
Asia-Plus

Имсол арчаи солинавии пойтахт баландтарин дар таърихи Тоҷикистон хоҳад буд. Арчаи солинавӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе қомат афрохта, баландии он 28 метр ва масоҳаташ 13 метрро ташкил медиҳад.

Чун соли пешин арчаи аосии кишвар имсол низ светодиодӣ шуда, мувофиқи маълумоти дарёфтии “Азия-Плюс”, ин дафъа арчаи солинавии пойтахтро 14 ҳазор адад бозичаҳо зебу зинат ва оро медиҳанд.

Арчаи солинавии Душанбе дар соли 2003
Asia-Plus

Ҳамин тариқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ имсол арчаи солинавӣ аввалин шуда дар шаҳри Душанбе қомат афрохт.

Дар Бишкек имрӯз корҳои гузоштан ва зебу зинати арчаи солинавӣ ба итмом мерасанд. Баландии арчаи солинавии пойтахти Қирғизистон 25 метр ва масоҳаташ 12 метрро ташкил медиҳад. Дар шаҳрҳои Тошканд, Остона ва Ашқобод то ҳол чунин корҳо оғоз нашудааст.

Арчаи асосии солинавии Қирғизистон
kabar.kg

Дар ҳамин ҳол, дирӯз дар майдони”800-солагии Маскав”- шаҳри Душанбе лавҳаи зебои ҳаррангаи “Ман Душанберо дӯст медорам” низ ба кор даромад.

Муаллифи акс Said Muhammad Shoev

Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Хуҷанд низ корҳои гузоштан ва зебу зинати арчаи солинавӣ бояд то 10 декабр ба анҷом расанд. Арчаи солинавии вилояти Суғд маъмулан дар майдони марказии шаҳр – “Ситораҳои Хуҷанд” қомат меафрозад.

Шоми 31 декабр, шаби фарорасии Соли нав дар майдони марказии Дӯстии пойтахт бо иштироки ҳунармандони маъруфи тоҷик консерти идона доир гардида, дар анҷоми он 5 дақиқа мушакафканӣ (фейерверк) сурат мегирад.

Мебояд гуфт, байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сокинони Ӯзбекистон аз ҳама бештар дар ин ид истироҳат мекунанд. Сокинони Тоҷикистон дар ҷашни Соли нав ҳамагӣ як рӯзи истироҳат доранд: мутобиқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, дар ин ид танҳо рӯзи 1 январ истироҳат муқаррар шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.