Олими тоҷик барои комёбиҳо дар бахши фаъолияти тарҷумонӣ бо ҷоизаи  Шайх Ҳамад қадрдонӣ шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, рӯзҳои 11 -12 декабр дар пойтахти Давлати Қатар - шаҳри Давҳа дар рафти конфронси байналмилалии тарҷумонӣ ва тафоҳуми байналмилалӣ, ки бо ҳузури олимону тарҷумонҳои варзида ва намояндагони доираҳои илмии беш аз 20 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, таълифоти олимони тоҷик низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Акс аз дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон

Гуфта мешавад, дар конфронси мазкур бо қарори ҳайати доварони байналмилалӣ Фарҳанги арабию тоҷикии Сарходими маркази “Синошиносӣ”-и Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ дар номинатсияи беҳтарин фаъолият дар соҳаи тарҷумонӣ ва фарҳангнигорӣ сазовори мақоми аввал эълон шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки рӯзи 12 декабри соли 2018 дар шаҳри Давҳа маросими расмии супоридани ҷоизаи  Шайх Ҳамад дар соҳаи тарҷумонӣ ва тафоҳуми байналмилалӣ баргузор гардид ва намояндаи шахсии Падарамири Давлати Қатар ҳамчун нишони қадрдонӣ аз рушди илму маърифат дар Тоҷикистон ва саҳми олимони тоҷик дар тақвияти робитаҳои байналмилалӣ, ҷоизаи мазкурро ба профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ барои таълифи Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ тақдим намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.