Дар шаҳри Душанбе аз 21 то 31 декабр ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия баргузор мегарданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ярмаркаҳо дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинон меҳмонони пойтахт дар арафаи таҷлили «Соли нави мелодии 2019» ташкил карда мешаванд.

Гуфта мешавад, кишоварзони вилояти Суғд дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кишоварзони шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Лахш, Файзобод, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва Сангвор дар бурриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) махсулоти худро ба фурӯш мегузоранд.

“Кишоварзони шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияҳои Шаҳринаву Рӯдакӣ  дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва кишоварзони вилояти Хатлон дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ маҳсулоти ниёзи аввалияро ба сокинону меҳмонони шаҳр бо нархҳои дастрас пешниҳод менамоянд”, - омадааст дар хабар.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар ярмаркаҳо аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ маҳсулоти ниёзи аввалия пешкаш карда мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.