Пагоҳ дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор пешбинӣ мешавад. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 19-20 декабр дар кишвар боридану борону барф ва ба ҷуз ВМКБ, дар дигар минтақаҳо борони сахту шадид дар назар аст.

Пагоҳ дар Душанбе обуҳавои абрнок дар назар буда, шабона бебориш ва рӯзона боридани борон дар назар аст. Ҳарорат рӯзона то 8-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон нимаи дуюми рӯзи 19 декабр дар баъзе ноҳияҳо борон борида, шабона ва субҳгоҳон туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо 7-12 ва дар доманакӯҳҳо 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд борон борида, дар идома ба барфи тар мубаддал мегардад. Дар ин минтақа ҳарорат дар водиҳо 2-7 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъзан боридану барфи борон дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят – аз 1 то 6 дараҷа хунук мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ шабона обуҳавои бебориш пешбинӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борону барф меборад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.