Аз ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи соли равон ба Тоҷикистон фиристодашуда сеяки он ба ҳиссаи Русия ва Ҳиндустон рост меояд.

Аз лиҳози арзиши кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ҳиссаи Русия – 16% ва Ҳиндустон – 15,7%-ро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Ҳиссаи Чин дар ҳаҷми умумии кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар ин давра – ба 11,1%, Швейтсария – 10,6%, Туркия – 7,1%, Франсия – 6,9%, Қазоқистон – 5,9%, Олмон – 3,8% ва ИМА – 3,6% баробар аст.

Имсол ба Тоҷикистон 60 кишвари саросари ҷаҳон кумак карданд. Маблағи умумии кумаки башардӯстонаи дар ин давра фиристодаи онҳо бо вазни умумии беш аз 22 ҳазор тоннан 41 млн. долларро ташкил медиҳад.

Ҳарчанд сафи кишварҳои хостори дастгирии Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта имсол зиёд шуда бошад ҳам, ҳаҷми умумии кумаки башардӯстона коҳиш ёфт: тӯли 11 моҳи соли 2017 ҷумҳурӣ аз 54 кишвари саросари дунё дар ҳаҷми наздики 70 млн. доллар кумаки башардӯстона гирифта буд.

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2017 кумакрасони асосӣ ба Тоҷикистон Чин маҳсуб меёфт, ки аз ҳаҷми умумии кумак қариб 34% ба ҳиссаи ин давлат рост меомад.

Маблағи умумии кумаки башардӯстонаи Чин ба Тоҷикистон дар соли гузашта – тақрибан 23 млн. доллар ва соли равон - каме бештар аз 4,5 млн. долларро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.