АНОНС

- Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон фестивали “Рангоранг” ба кораш идома медиҳад. Дар он тамошобинон бо маҳсули дастони ҳунармандону косибони вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ, водии Рашт ва дигар минтақаҳо шинос шуда метавонанд;

- Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон доир ба муаррифии натиҷаҳои Тадқиқоти миллӣ оид ба наврасон ва ҷавонон мизи гирд баргузор мешавад. Оғоз соати 14:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.4265 сомонӣ;

1 евро – 10.7340 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1412 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1979 — Агрегати охирини нерӯгоҳи барқи обии Норак ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ кард. Нерӯгоҳ зиёда аз як сол пеш бо иқтидори пурра ба истифода дода шуд.

1992 — Дар заминаи воҳидҳои Фронти халқӣ ва дигар қисмҳои мусаллаҳи ҷонибдори ҳукумат Қувваҳои Мусалаҳи Тоҷикистон таъсис дода шуд.

2003 – Дафтари кории душанбегии намояндагии созмони байнулмилалии башардӯстонаи «Табибони бидуни марз» дар Тоҷикистон баста шуд.

2010 — Хадамоти махсуси Афғонистон дар шимоли ин кишвар 7 нафар маҳбусони фирории рӯзи 23 август  аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гурехтаро боздошт намуданд.

1918 – Зодрӯзи актрисаи театру кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова.

1927 – Мавлуди адабиётшинос, мунаққид, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон ва Русия Шавкат Ниёзӣ. Муҳаққиқи эҷодиёти шоирони тоҷик дар замони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945.

1941 – Зодрӯзи оҳангсоз Аъзам Солеҳов.

1954 – Мавлуди нависанда ва журналист Мансур Суруш.

1955 – Зодрӯзи доктори улуми техникӣ Ҳайдар Одинаев.

1956 – Мавлуди арбоби шоиста Саёҳат Неъматова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон борида, дар идома ба барфи тар мубаддал мегардад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона -1+4.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳо борон борида, туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +5+10.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона -2+3; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона -1-6.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф).   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +1+6.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон борида, дар идома ба барфи тар мубаддал мегардад.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +3+5.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз борон меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +8+10.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +1+3.