Давоми соли 2018 аз ҷониби  Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» ба 104 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 10 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ҳамзамон, ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шӯъбаи пайвандсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз ба 7 нафар бемор амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шудааст.

Зикр мегардад, ки то имрӯз дар Маркази мазкур ба 77 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 27 нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, 21 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 16 нафар аз Исроил ва боқимонда аз кишварҳои мухталиф  мебошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, Маркази тибби хусусии «Ибни Сино» ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил», дар маҷмӯъ 1624 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо (дар соли 2017-1272), 1434 амалиёти ангиография (дар соли 2017- 1197) ва 418 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ (дар соли 2017-311), инчунин дар муассисаҳои тиббии мамлакат давоми давраи ҳисоботӣ ба 194 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ (дар соли 2017-190) гузаронида шуд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли 2011 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи ягона дар минтақаи Осиёи Марказӣ – Маркази илмии пайвандсозӣ ва бофтаҳои инсон доир гардид.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.