Дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) рӯзҳои 9-15 январ Олимпиадаи 15-уми байнулмилалӣ аз фанҳои математика, физика ва информатика доир гардид.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Гимназия-интернати Русия ва Тоҷикистон “Ҳотам ва П.В.” хабар доданд, аз лиҳози душвории вазифаҳо ин олимпиада марҳилаи муҳим барои омодагӣ ба олимпиадаҳои ҷаҳонӣ аз фанҳои зикршуда маҳсуб меёбад.

Дар олимпиадаи мазкур 82 даста аз 18 кишвари саросари дунё ширкат варзида, аз ҳар даста 3 нафар аз фанни математика ва 2-нафарӣ аз фанҳои физика ва информатика рақобат карданд.

Аз Тоҷикистон дар олимпиада 5 даста – 2-дастагӣ аз Литсей барои кӯдакони лаёқатманд ва “Ҳотам ва П.В.” –и шаҳри Душанбе ва 1 дастаи иборат аз толибилмони беҳтарини мактабҳои Тоҷикистон иштирок доштанд.

“Иштироки толибилмони тоҷикро метавон хеле муваффақона арзёбӣ намуд, зеро ҳеҷ гоҳ онҳо дар ин олимпиада ба гирифтани 13 медал, ки 2-тоаш тилло, 1 нуқра ва 10-тоаш биринҷӣ аст, ноил нагардида буданд”, - гуфтанд дар гимназияи “Ҳотам ва П.В.”.

Зикр гардид, ки ҳарду медалҳои тилло, медали нуқра ва 6 медали бириниҷиро хонандагони гимназияи “Ҳотам ва П.В.”, 3 медали биринҷиро толибилмони Литсей барои кӯдакони лаёқатманд ва боз 1 медали бириниҷиро мунтахаби дастаи Тоҷикистон ба даст оварданд.

Ба медалҳои тилло аз фанни физика ва математика толибилмони синфи 10 ва 11 Далер Пиров ва Наимҷон Хонҷонов, медали нуқра аз фанни физика хонандаи синфи 11 Фараҳманд Ҳасанов ва медалҳои биринҷӣ толибилмони литсейи “Ҳотам ва П.В” Шоҳрухҷон Исоматов, Сино Хайриддинов, Ҷамшед Рустамов ва Вазирҷон Пиров соҳиб шуданд.

Боқимонда медалҳои бириниҷиро хонандагони синфи 11 Давлатхоҷа Махсумов ва Акмал Мамадшоев аз фанни информатика, Тимур Саломатшоев аз фанни физика, Раҳмонҷон Собиров, Соҳибҷон Афғонов ва Ҷаҳонгир Ӯроқов аз фанни математика дарёфт намуданд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.