Ба шаҳри иқлимаш аз ҳама хушктарини Ӯзбекистон - Бухоро аз давлати Исроил дастгоҳе оварданд, ки ҳаворо ба об табдил медиҳад. Мегӯянд, ин дастгоҳ дар як рӯз метавонад то 900 литр оби нӯшокӣ истеҳсол намояд, ки сокинони маҳаллӣ аз он танқисӣ мекашанд.

“Дастгоҳ наздики ду моҳ ба таври озмоишӣ кор мекунад, то ки иқтидори истеҳсоли оби он дар шароити душвори иқлими хушки Бухоро санҷида шавад. Агар натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оянд, Ӯзбекистон бо Исроил дар бораи харидорӣ ва насби чунин дастгоҳҳо дар тамоми минтақаҳои иқлимашон хушки кишвар шартнома мебандад”, - изҳор дошт блогнависи ҷавон Фирӯзбек Сайфуллоев.

Аз тарзи кори дастгоҳ дар навори видеои мо шинос шуда метавонед.

Гузориши видеоӣ дар доираи боздиди расонаии Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон - асри XXI” ба Ӯзбекистон таҳия шудааст.

Гузориши пешин дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.