Шаҳрдории Душанбе аз 26-уми ноябр ҳаракати микроавтобус (маршрутка)-и №13, ки аз мактаби таҳсилоти умумии №61 то бозори “Балх” равуо мекунад, манъ месозад.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, бо ин хатсайр акнун танҳо автобусҳои №11-и тамғаи «AKIA» ҳаракат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ин қарор бо мақсади бартараф кардани ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо ва кам кардани шумори нақлиёт дар ин самт қабул карда шудааст.

Мебояд гуфт, нахуст ҳукуматдорони пойтахт ҳаракати маршруткаҳоро дар хиёбони марказии Рӯдакӣ манъ карданд. Сипас дар дигар кӯчаҳои шаҳр, аз ҷумла, кӯчаи Неъмат Қарабоев низ ба ҳаракати микроавтобусҳо роҳ дода нашуда, дар он танҳо автобусу троллейбус ва таксиҳо ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Тибқи маълумоти шаҳрдории пойтахт, айни замон дар шаҳри Душанбе беш аз 2 ҳазору 900 адад нақлиёти мусофирбар ба сокинон хизматрасонӣ мекунанд, ки 80%-и онҳо хусусӣ мебошанд.

Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 адад воситаҳои нақлиёт ба мусофирони пойтахт хизматрасонӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.