Тоҷикистону Чин ҳуҷҷатҳо оид ба пешниҳоди кумаки бебозгаштро барои корҳои таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Қалъаи Хумб-Ванҷ (то сарҳади ноҳияи Рӯшон) мувофиқа месозанд.

Тавре МД “Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои автомобилгард”-и Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, айни замон Тоҷикистон протоколи ҷониби Чинро аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушуниди дуҷониба оид ба шарҳи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ (АТИ) баррасӣ ва мувофиқа месозад.

Дар Марказ қайд мекунанд, ки тирамоҳи соли гузашта мутахассисони Чин аз қитъаи барои таъмиру навсозӣ пешниҳодшуда боздид карда, барои таҳияи АТИ корҳои таҳқиқотӣ гузарониданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ахири худ ба парлумон иттилоъ дод, ки корҳои таҷдиди роҳи автомобилгарди Қалъаи Хумб-Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 млрд сомонӣ (226 млн доллар) соли 2020 оғоз мешаванд.

Ӯ аз кори КВД “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ-таҳқиқотӣ” изҳори норозигӣ намуда, қайд кард, ки “чор сол инҷониб барои таҷдиди роҳи Қалъаи Хумб-Ванҷ як лоиҳаи муносиб омода карда наметавонанд”.

Таҳияи лоиҳаи корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳи Душанбе-Хоруғро президент ҳанӯз моҳи январи соли 2015 супориш дода буд.

Тирамоҳи соли гузашта палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон мубодилаи мактубҳоро маъқул донист, ки мувофиқи он Чин дар ҳаҷми 218 ҳазор доллар кумаки ройгон барои таҳияи асосноккунии фаннию иқтисодии лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи Қалъаи Хумб-Ванҷ-сарҳади Рӯшон ҷудо мекунад.

(роҳи ВМКБ)

Тобистони соли гузашта Вазорати нақлиёти кишвар хабар дод, ки барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин қитъаи роҳ Чин дар ҳаҷми 230 млн. доллар грант ҷудо мекунад.

Масофаи ин қитъаи душворгузари роҳи автомобилгарди Душанбе-Хоруғ айни замон 109 километрро ташкил медиҳад.

Дар доираи корҳои таҷдид дар ин қитъа 16,7 километр кӯтоҳ кардани масофаи роҳ ва сохтмони роҳи духатаи дараҷаи 3-юми техникӣ пешбинӣ мешавад.

Ҳамчунин бунёди ду нақб (масофаашон 5,2 км), айвончаҳои муҳофизат аз тармафароӣ (галереяҳо) бо масофаи умумии 490 метр, 15 пул (масофаашон 634 метр) ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ қариб ҳамаи роҳҳо аз маркази ҷумҳурӣ ба минтақаҳо таъмиру навсозӣ шудаанд, аммо роҳҳои ВМКБ дар ҳолати нимахароб боқӣ мондаанд.

Дар роҳи сафар аз пойтахт то ВМКБ мардум ба мушкилоти зиёд дучор шуда, муддати 14-16 соат бо душвориҳои зиёд ба макони таъиншуда мерасанд. Ин роҳҳо солҳои 70-уми асри гузашта асфалтпӯш гардида, айни замон асфалти онҳо қариб гум шудааст.

Роҳи нимахароб ягона хати нақлиётӣ аст, ки Душанберо бо Хоруғ мепайвандад. Алоқа бо роҳи ҳавоӣ байни пойтахт ва минтақаи аз лиҳози қаламрав бузургтарини  кишвар (қариб нисфи ҳудуди Тоҷикистон) ду сол пеш комилан қатъ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.