Давоми моҳҳои январ-марти соли равон 296,1 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки 288,4 ҳазор нафарашон сайёҳон мебошанд.

Тавре Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумори сайёҳони хориҷӣ 42,1% афзудааст.

Шумори бештари сайёҳон аз Ӯзбекистон (197 ҳазор), Русия (43,2 ҳазор), Қирғизистон (37,1 ҳазор) ва Қазоқистон (4,7 ҳазор) ба қайд гирифта шудааст.

Байни кишварҳои хориҷи дур ба Тоҷикистон сайёҳон бештар аз Афғонистон (3 ҳазор), Чин (1,2 ҳазор), Туркия (900 нафар), ИМА (500 нафар) ва Эрон (400 нафар) омадаанд.

Бино ба маълумоти Агентии омор, ба аввали соли равон дар Тоҷикистон 161 ширкати сайёҳӣ, 184 меҳмонхона, 26 хостелу мотел (хобгоҳҳо), 44 осоишгоҳ, 9 маркази истироҳату солимӣ, 9 истироҳатгоҳ, 1 пансионат (дармонгоҳ), 1 кемпинг ва 3 пойгоҳи сайёҳӣ фаъолият мекунанд.

Шумори кормандони субъектҳое, ки хизматгузориҳои сайёҳӣ пешниҳод мекунанд, наздики 232 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.