Аз 30 июн то 9 июл аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”, “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Русия 7 парвоз анҷом дода шуд.

Тавре сафорати Русия дар Душанбе иттилоъ медиҳад, бо ин хатсайрҳо 783 нафар русиягиҳо, аз ҷумла 26 нафар ноболиғон аз Тоҷикистон ба ватан баргаштанд.

Байни мусофирон 351 нафар тоҷикистониён низ ҳузур доштанд, ки барои ба Русия рафтан асос доштанд.

Ғайр аз ин, бо ин хатсайрҳо ду нафар шаҳрвандони Арманистон низ ба Русия парвоз карданд, ки тариқи транзит ба ватан мерафтанд.

Гуфта мешавад, кори муассисаҳои хориҷи кишвари Русия дар мавриди ба ватан баргардонидани боқимонда русиягиҳо идома меёбад.

Қобили зикр аст, ки шаҳрвандоне, ки аз Тоҷикистон ба Русия меоянд, ба карантини 14-рӯза фаро гирифта мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.