Дувоздаҳ маводи рӯзноманигорону блогнависони Тоҷикистон ба даври ниҳоии II – юмин озмуни минтақавии MediaCAMP Award шуданд. Акнун дар даври ниҳоии озмун, иштирокчиёни тоҷик бо ҳамкасбони худ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон рақобат хоҳанд кард. Ғолибон дар ҷараёни MediaCAMP Fest рӯзи 19-уми сентябр эълон карда мешаванд, хабар медиҳад media.tj.

Ба II-юмин озмуни минтақавии MediaCAMP Award дар Тоҷикистон 43 -мавод  пешкаш карда шуд, ки аз онҳо ҳакамони ватанӣ 12 кори беҳтарини рӯзноманигорону блогеронро дар чор бахш интихоб карданд:

Бахши «Ҳокимият ва ҷомеа»:

Гулнора Амиршоева, ширкати расонаии “Вечёрка”, филми мустанад дар бораи собиқ занони маҳбус;

Ёдгор Исломбеков, муаллифи канала Iron King, мусоҳиба бо Каромат Шарипов;

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, гурӯҳи расонаҳои Азия-Плюс, мавод дар бораи набудани муҳити дастрас барои маъюбон.

Бахши «Вақти ёрӣ расонидан»:

Анна Мифтахова, гурӯҳи расонаҳои Азия-Плюс, мавод дар бораи ҳайвоноти хонагӣ;

Алия Ҳамидуллина, гурӯҳи расонаҳои Азия-Плюс, мавод дар бораи кӯдакони дорои синдроми Дауна;

Анушервон Шоймардонов, «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», мавод дар бораи аксияи «Барои кӯмак кардан, ба мо кӯмак кунед”.

Бахши «Қаҳрамонони ҳамҷавор»:

Уктам Ризоев, рӯзноманигор, лоиҳа дар бораи духтари дорои  маъюбият;

Нумон Умаров, ТВ5 Конибодом, сужа дар бораи одамони дорои маъюбият;

Меҳрангез Турсунзода, гурӯҳи расонаҳои Азия-Плюс, мавод дар бораи табибоне, ки бар зидди COVID-19 мубориза бурданд.

Бахши «Насли бидуни марз – Вақти имкониятҳо»:

Манзума Назарбекова, гурӯҳи расонаҳои Азия-Плюс, мавод дар бораи духтароне, ки дар аробаҳои маъюбӣ мерақсанд;

Тахмина Саидова, блогнавис, силсилаи мақолаҳо дар бораи баробарӣ;

Мадина Саидошоева, рӯзноманигор, ҳикоя дар бораи духтари дорои  маъюбият.

Гуфта мешавад, маводҳо дар бахши панҷуми махсуси озмун –  “Объектив” (маводҳои тасвирӣ) дар сомонаи MediaCAMP Fest нашр карда мешаванд ва тамошобинон тавассути овоздиҳии онлайнӣ ғолибонро интихоб мекунанд.

Маводҳои  чаҳор номинатсияи дигар аз ҷониби доварони минтақавӣ баррасӣ карда мешаванд. Онҳо беҳтарин кори рӯзноманигорон ва блогнависони минтақаро муайян мекунанд. Натиҷаҳои озмун дар ҷашнвораи  II -юми минтақавии MediaCAMP Fest, 19-уми сентябри соли 2020 эълон карда мешаванд, ки ин дафъа ба таври онлайн баргузор мегардад. Маросими тантанавӣ дар шакли телемост доир хоҳад шуд.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.