Лоиҳаи Фонди тоҷикистонии Оғохон барои дарёфти мураббӣ озмун эълон мекунад.

Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимои манотиқи кӯҳистон (БҶИИМК), лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон  дар чаҳорчӯбаи  лоиҳаи “Шукуфоии Тоҷикистон: Шарики барои рушди иҷтимоию иктисодӣ” корхонаю ташкилот ва мушовирони инфиродиро  барои иштирок дар озмуни  кушод  оид ба дарёфти тренер барои таҳия намудани маводҳои омӯзишӣ ва гузаронидани омӯзишҳо барои Гурӯҳҳои Истеҳсолӣ дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритуз, Қубодиен, Дӯсти, Ҷайхун, Ҳамадонӣ, Панҷ, Фархор ва Ш. Шоҳини вилояти Хатлон даъват менамояд, ки мавзӯъҳо ва таснифоти онҳо дар поён зикр гардидааст:

  1. Бартарияти бозорёб намудани маҳсулоти истеҳсолшудаи маҳаллӣ ва дастраси ба таъминкунандагони мавод/хизматрасонии кишоварзӣ  ба таври муштарак (гуруҳӣ);
  2. Беҳтар намудани дониши молияви ГИ дар соҳаи агробизнес ва таҳияи намунаи нақшаи тиҷорати дар соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ;

3.        Ҳисобу китоб намудани арзиши аслии маҳсулоти кишоварзии истеҳсолшуда;

4.        Таҳлили бозор барои нархгузорӣ ва маҳоратҳои таҳияи нақшаи додугирифт (хариду фурӯш) бо тоҷирон ё миёнаравҳо;

  1. Технологияи муосир марбут ба парвариши зироатҳои помидор, картошка, пиёз ва  себ/нок;
  2. Технологияи нигаҳдории картошка, сабзавот ва меваҷот дар анборхона ва сардхона;
  3. Равиши интегратсионии мубориза зидди ҳашарот ва касалии зироатҳои помидор, картошка, пиёз, ва себ/нок.

Талаботҳо нисбати омӯзгор/тренер:

·         Маълумоти олӣ дар самти илмҳои кишоварзӣ, молия, ҷомеашиносӣ ва дигар соҳаҳо бо дарназардошти рукни рушди деҳот ё дигар касбҳои мувофиқ.  Доштани унвони илмӣ афзалият хоҳад дошт;

·         Малака ва таҷрибаи хуб дар самти коркарду таҳияи мавод (дастурот, роҳнамо, модулҳо)-и омӯзишӣ;

·         Ҳадди аққал 5 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи ҷомеашиносӣ, рушди деҳот, махсусан дар самти рушди Ташкилотҳои ҷомеаасос.  Аз 5 то 10 соли таҷриба дар самти гузаронидани тренингҳо ва омӯзишҳо;

·         Олӣ донистани забони тоҷикӣ, доштани малакаи аълои навиштан, хондан ва гап задан бо забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад.

Барои дарёфт намудани маълумоти иловагӣ дар бобати мавзъӯҳо ва шартҳои озмун метавонед ба роҳбари лоиҳа дар ш. Кулоб Абдусамад Раҳимов  (е-mail: [email protected] Телефон 93 777 03 06) муроҷиат намоед.

Дар   пешниҳодоти тиҷоратӣ  мавҷудияти  маълумотҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

·         Мактуби таваҷҷӯҳӣ;

  • Пешниҳодоти тиҷоратӣ бо нишон додани маблағи хароҷотҳо барои гузаронидани як омӯзиш ва таҳияи  воситаҳо ва усулҳои такомули маҳоратҳо; (бо нишон додани мавзуъи омузиш)
  • Маълумот дар бораи шартҳо ва шакли пардохт;
  • Мӯҳлати  иҷрои хизматрасонии  дархостшуда;
  • Шаҳодатномаи муассиса/ташкилоти довталаб ё ҳуҷҷатҳои шахси инфиродӣ;
  • Ҳолномаи (CV) - и мутахассисони инфиродӣ/тренерон;
  • Маълумот дар бораи мавҷудияти таҷрибаи гузаронидани омӯзишҳо/тренинг ва таҳияи маводҳои таълимӣ;
  • Ҳуҷҷатҳои иловагӣ (сертификати гузаронидани омӯзишҳо, дипломи маълумоти олӣ).

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 27-уми январи соли 2021 то соати 13.00  мебошад. Хоҳишмандон метавонанд пешниҳодоти тиҷоратии худро  дар шакли лифофаҳои маҳкам (мӯҳр) кардашуда то санаи муқарраргардида  ба офисҳои БҶИИМК дар ш. Кулоб дар суроғаи кӯчаи Худоера Назарова 8  ва дар ш. Душанбе хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4,  пешкаш намоянд.

Довталабон метавонанд пешниҳодҳои тиҷорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар шакли электронӣ низ пешниҳод намоянд, ки  бояд дар формати PDF таҳия ва бо рамз (парол) ҳифз шуда бошад ва ба почтаҳои электронии  [email protected]  ва  [email protected] ирсол намоянд.

Дархостҳое, ки аз мӯҳлати муқарраршуда дертар пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта намешаванд.

Диққат!   Иштирокчиёни озмун соати  14.00 санаи 27 -уми январ соли 2021 ба дафтари кории БҶИИИМК  ба суроғаҳои  дар болозикршуда  барои иштирок дар раванди кушодани  лифофаҳо бо пешниҳодоти тиҷоратии довталабон,  даъват карда мешаванд.

Ташкилот-Фармоишгар  ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда  ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ  дар назди Иштирокчиёни тендер  ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фармоишгар инчунин  ҷиҳати пешниҳоди маълумот  ба онҳо  дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва  қарори қабул кардааш низ  ӯҳдадор нест.