Дар Душанбе маросими видоъ бо Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, актёр ва коргардони саршиноси тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов баргузор шуд. Ӯ рӯзи 19 январ дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.

Пас аз нисфирӯзӣ назди хонаи ҳунарманд садҳо нафар ҷамъ омаданд, то ки хотираи ӯро посу гиромӣ доранд.

Миёни ҷамъомадагон ёвари президенти ҷумҳурӣ оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини вазири фарҳанг Обид Одилзода, роҳбарону ҳунармандони театр, дӯстону шогирдон ва мухлисони Ҳабибулло Абдураззоқов ҳузур доштанд.

Пас аз маросими ҷаноза дар масҷиди “Сари Осиё” ҷасади Ҳабибулло Абдураззоқов дар оромгоҳи Лучоби пойтахт ба хок супурда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.