Дар шабакаи Youtube суруди нав дар иҷрои Нигина Амонқулова ва Аброр Назаров нашр шуд.

Рӯнамои намоҳанг (клип)-и суруди “Дар оғӯши ман” дар шабакаи Muminov tv барпо шуд. Суруд як қиссаи зебои ишқиест, ки бо фоҷеа меанҷомад.

Навори видеои суруди навро, ки чанде қабл дар шабака гузошта шудааст, аллакай зиёда аз 11,5 ҳазор нафар тамошо карданд.

Дар ин шабакаи Youtube ҳамчунин навори видео аз машқи сабти суруд дар студия низ ҷой дода шудааст, ки онро Далер Назаров назорат мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.